Нахустин гуфтугӯи Трамп бо Путин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12673-Нахустин_гуфтугӯи_Трамп_бо_Путин
Раисиҷумҳури Русия ва раисиҷумҳури ҷадиди Амрико дар нахустин музокираи телефонӣ дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 29, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Нахустин гуфтугӯи Трамп бо Путин

Раисиҷумҳури Русия ва раисиҷумҳури ҷадиди Амрико дар нахустин музокираи телефонӣ дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИТАР ТАСС, Владимир Путин рӯзи шанбе дар ин гуфтугӯи телефонӣ, оғоз ба кори Трамп ба унвони раисиҷумҳури Амрикоро ба ӯ  табрик гуфт ва ибрози умедвори кард, ки равобити ду кишвар беҳбуд ёбад.

Дар ин гуфтугӯ Путин ва Трамп дар бораи масоил мухталиф аз ҷумла бозсозии равобити ду кишвар табодули назар карданд.

Ҳарчанд ҳанӯз ахбори бештаре дар бораи музокираи дутараф мунташир нашудааст, аммо пеш аз ин Трамп борҳо аз зарурати беҳбуди равобити дуҷонибаи Маскав-Вашингтон ва афзоиши ҳамкории байналмилалӣ дар саркӯби гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла  ДИИШ таъкид карда буд.

Виталий Чуркин-намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ эълом кард, равобити Маскав ва Вашингтон ба поинтарин сатҳ аз давраи Ҷанги сард расида ва дар бадтарин вазъият, аз соли 1973 қарор дорад.