Ҳукми изтирории қозии федералӣ зидди фармони Трамп
(last modified 2017-01-29T11:42:54+00:00 )
Январ 29, 2017 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми изтирории қозии федералӣ зидди фармони Трамп

Як қозии додгоҳи федералии Амрико зидди фармони раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар ҳукми изтирорӣ содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Анн Донелли, қозии додгоҳи федералӣ дар минтақаи Бруклин дар шарқи Ню-Йорк рӯзи якшанбе бо судури ҳукме эълом кард, паноҳандагону дигар шаҳрвандоне, ки бо фармони иҷроии раиси ҷумҳурии Амрико бо вуҷуди доштани раводиди қонунӣ дар фурӯдгоҳҳои Амрико саргардон ҳастанд, набояд ба кишварашон бозгардонда шаванд.

Шуморе аз муътаризон ба фармони зидди муҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрико низ дар фурӯдгоҳи байналмилалии Ҷон оф Кеннедии шаҳри Ню-Йорк таҷаммуи эътирозомез баргузор карданд.

Мақомоти амрикоӣ рӯзи шанбе аз боздошти шуморе аз паноҳҷӯёну мусофирони дигар дар фурӯдгоҳҳои Амрико хабар доданд.

Ин паноҳҷуёну мусофирон, ки дар замони имзои ҳукм дар роҳи Амрико будаанд, ба маҳзи вуруд ба ин кишвар дар фурӯдгоҳҳо боздошт шудаанд.

Фармони Трамп барои таваққуфи семоҳаи вуруди атбои ҳафт кишвари исломӣ, аз ҷумла Эрон ба Амрико, мушкилоти бисёреро барои ин афрод падид овардаву ононро дар фурӯдгоҳҳои саросари ҷаҳон саргардон кардааст.

 

Барчасп