Феврал 02, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши мушакии Чин бо тавони ҳамли 10 кулоҳаки ҳастаӣ

Чин як мушаки баллистики қорапаймои модели "Дунг - Фонг"-ро, ки қобилияти ҳамли 10 кулоҳаки ҳастаӣ дорад, озмоиш кард.

Ба гузориши ИРНА, озмоиши мушакии Чин аз маркази фазоии "Той Явон", дар шимоли ин кишвар анҷом шудааст.

 Озмоиши мушакии Чин дар шароите аст, ки муносиботи ин кишвар бо Амрико пас аз рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бадтарин шароит қарор дорад.

Вазорати умури хориҷаи Чин дар пайи эъломи давлати ҷадиди Амрико дар бораи ҷилавгирӣ аз наздик шудани Чин ба ҷазираҳои дарёи Чини ҷанубӣ, ба Амрико ҳушдор дод, муроқиби таҳаррукоти худ дар минтақа бошад.

 Амрико баровард кардааст, ки зарродхонаи атомии Чин 250 кулоҳаки атомӣ дорад, ки бо таваҷҷуҳ ба озмоиши мушакии ҷадиди ин кишвар, мумкин аст зарфияти анборҳо беш аз ин бошад.

 

Барчасп