Додгоҳи таҷдиди назари Амрико дархости Трампро рад кард
Додгоҳи таҷдиди назари Амрико дархости Кохи Сафедро барои идомаи мамнуияти вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари исломӣ рад кард.
Ба гузориши “Пресс ТВ”, ҳукми муваққатан ба таъхир гузоштани фармони зидди муҳоҷиратии Доналд Трампро рӯзи ҷумъа Ҷеймс Роберт, қозии федералии Сиэтл, дар иёлати Вашингтон содир кард.
Раиси ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба ин ҳукм, онро ба масхара гирифту ваъда дод, ҳукми қозии федералиро ботил мекунад.
Трамп рӯзи 27 –уми январ фармонеро ба имзо расонд, ки бар асоси он, аз вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмонии Эрон, Сурия, Ироқ, Либия, Судон, Сомали ва Афғонистон ба хоки Амрико, ба муддати 90 рӯз ҷилавгирӣ мешуд ва вуруди афрод бо визаи паноҳҷӯ низ ба муддати чаҳор моҳ ба ҳолати таъхир дармеомад.
Иқдоми Доналд Трамп вокуниши манфии мардуми Амрико ва ҷаҳонро дар пай доштаву дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон тазоҳуроти густардае дар мухолифат бо он баргузор мешавад.