Эътирози Музеи ҳунарҳои муосири Ню-Йорк ба ҳукми иҷроии Трамп
(last modified 2017-02-05T14:36:10+00:00 )
Феврал 05, 2017 19:36 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Музеи ҳунарҳои муосири Ню-Йорк ба ҳукми иҷроии Трамп

Музеи ҳунарҳои муосири Ню-Йорк дар эътироз ба фармони муҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрико, осори ҳунармандони кишварҳоеро, ки шомили ин мамнуият ҳастанд, ҷойгузини осори ҳунармандони машҳури ғарбӣ кард.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ню-Йорк таймз”, Музеи ҳунарҳои муосири Ню-Йорк дар иқдоме, ки шадидтарин эътирози як ниҳоди фарҳангии муҳим маҳсуб мешавад, галереяҳои табақаи панҷуми худро, ки маҳалли намоиши доимии осори модерни ҳунармандонӣ ғарбӣ аст, ба намоиши осори ҳунармандони муосири Эрон, Ироқ ва Судон ихтисос дод.

Дар канори ҳар таблуи наққошӣ, муҷассама ё акс, матне бо ин унвон: "Ин асар мутааллиқ ба ҳунарманди кишваре аст, ки атбоаш иҷозаи вуруд ба Амрикоро надоранд" навишта шудааст.

Дигар музейҳои бузурги Амрико дар тӯли ҳафтаи ахир мухолифати худро бо фармони иҷроии Трамп, ки ҳанӯз дар баъзе аз фурӯдгоҳҳо иҷро мешавад, эълом кардаанд.

Раиси Музеи Гетти дар Лос -Анҷелес, дастури Трампро “насанҷида”, “ғайрилозим” ва “мухарриб” тавсиф кард.  

Раиси ҷумҳурии Амрико 27 –уми январ фармони иҷроиеро ба имзо расонд, ки бар асоси он аз вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмони ҷаҳон ба хоки ин кишвар, ба муддати 90 рӯз ҷилавгирӣ мешавад ва вуруди афрод бо визаи паноҳҷӯ низ ба муддати чаҳор моҳ ба ҳолати таъхир даромад.

Иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико бо вокуниши манфии ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудаву дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ тазоҳуроти густардае баргузор шудааст.

 

Барчасп