Август 04, 2016 11:04 Asia/Dushanbe
  • Монеатарошии Арабистон дар интихоботи Лубнон

Муовини дабири кулли "Ҳизб-ул-лоҳ"-и Лубнон Арабистонро монеае бар сари роҳи интихоби раисҷумҳури Лубнон донист.

Ба иттилои хабаргузории "Тасним", Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли "Ҳизб-ул-лоҳ"-и Лубнон гуфт, дар сурати тавофуқи Арабистон бо интихоби раисҷумҳурӣ дар кӯтоҳтарин замон раисҷумҳури ояндаи Лубнон таъйин хоҳад шуд, зеро Ҷараёни "ал-Мустақбал" наметавонад бидуни ҳузури Арабистон тасмим бигирад. Шайх Наим Қосим дар идома ба ҳимоятҳои "Ҳизб-ул-лоҳ" аз раисҷумҳурии Мишели Ун таъкид кард.

Ба вуҷуди ихтилофот бар сари музди таъйиншуда барои раисҷумҳури Лубнон дар ду соли гузашта ҳамчунон Мишел Ун, раиси ҷиноҳи тағйир ва ислоҳ, номзади гурӯҳи тарафдори "Ҳизб-ул-лоҳ ё "8-уми март" аз мақбулияти бештаре байни гурӯҳҳои сиёсӣ барои ин мансаб бархурдор аст.

42 нишасти парлумони Лубнон низ барои таъйини раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар ба далоили мухталиф, бавижа коршикании ҷараёни "14-уми март", монеатарошии ҳукумати Оли Саъуд ва нофаҳмиҳо дар мавзеъҳои гурӯҳҳои сиёсӣ бенатиҷа мондааст. Ҳол он ки Лубнон сар аз 25 майи соли 2014 то кунун раисҷумҳур надорад ва ин мавзӯъ мушкилоти фаровонеро барои ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Барчасп