Феврал 09, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ: Омили инфиҷори Кобул Абубакри Тоҷикӣ буд

Гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти ҳамла дар наздикии Девони олии Афғонистон дар шаҳри Кобулро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, омили ин ҳамла, ки ДИИШ ӯро Абубакри Тоҷикӣ муаррифӣ кард, асри рӯзи сешанбе камарбанди инфиҷории худро ҳангоми хурӯҷи коркунони Девони олии Афғонистон аз маҳалли кори худ, дар маркази Кобул мунфаҷир кард.

Дар ин инфиҷор дастикам 25 нафар кушта ва беш аз 40 нафари дигар низ захмӣ шуданд.  Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе ҳамлаи террористӣ, муқобили Девони олии Афғонистонро шармовар хонд ва бори дигар дар бораи таҳдидҳои Толибон ва шабакаҳои террористии Алқоида ва ДИИШ зидди мардум, давлат ва неруҳои амниятии Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Барчасп