Феврал 09, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Чин аз шаҳрвандони хориҷӣ изи ангушт мегирад

Чин барои нахустин бор сар аз рӯзи ҷумъа шаҳрвандони хориҷиеро, ки қасди вуруд ба хоки ин кишварро доранд, ангуштнигорӣ мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати амнияти умумии Чин рӯзи панҷшанбе дар иттилоияе эълом кардааст, ки ангуштнигорӣ аз хориҷиён ибтидо ба сурати озмоишӣ дар марзҳои вурудии шаҳри Шянҷин, ҷануби ин кишвар ва чанд нуқтаи дигар анҷом хоҳад шуд. Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ҳама шаҳрвандони хориҷии аз 14 то 70-сола (ба ғайр аз дипломатҳо) то поёни соли 2017 ҳангоми вуруд ба Чин ангуштнигорӣ хоҳанд шуд.

Вазорати амнияти умумии Чин ҳадаф аз ин иқдомро тақвияти мудирият ва контроли марзҳо унвон кард.

 

Барчасп