Саркӯб кардани муътаризон дар Баҳрайн шиддат гирифтааст
(last modified 2016-08-04T07:40:52+00:00 )
Август 04, 2016 12:40 Asia/Dushanbe
  • Саркӯб кардани муътаризон дар Баҳрайн шиддат гирифтааст

Дар идомаи шиддат гирифтани саркӯбиҳои муътаризон дар Баҳрайн режими Оли Халифа ду рӯҳониро боздошт кард.

Ба иттилои шабакаи хабарии "ал-Аҳд"- и Лубнон, режими Оли Халифа Шайх Алӣ ал-Ҳамидон ва Шайх Алӣ ал-Ҷуфейрӣ,  ду рӯҳонии баҳрайниро боздошт ва парвандаи онҳоро ба додситонӣ фиристод. Додситонии Баҳрайн ду рӯз қабл низ Сайид Маҷид ал-Машъал, раиси Шӯрои уламои исломии ин кишварро ба иттиҳоми таҷаммуи ғайриқонунӣ ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум кард буд.

Дар пайи салби шаҳрвандии Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн мавҷи ҷадиде аз эътирозот ва дар пайи он саркӯб кардани муътаризон ба дасти режими Оли Халифа  роҳандозӣ шудааст.

Баҳрайн аз феврали 2011 инҷониб саҳнаи эътирозоти мусолиматомез зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолату рафъи табъиз ва рӯй кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд, аммо режими оли Халифа ҳамвора бо саркӯб кардани ин эътирозот ба онҳо посух медиҳад.

Барчасп