Июл 15, 2016 16:35 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Ниси Фаронса

Ҳамлаи террористии панҷшанбешаб дар шаҳри соҳилии Ниси Фаронса, ки ба кушта шудани 84 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар мунҷар шуд, вокунишҳои шадиди байналмилалиро дар пай доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дар пайи ҳамлаи террористии Нис, ки сеюмин ҳодисаи маргбори террористӣ дар Фаронса зарфи ду соли гузашта аст, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид бо судури баёнияе ин иқдомро "ваҳшиёна ва буздилона" тавсиф ва онро маҳкум кард.

Шӯрои амният дар ин баёния, терроризмро яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи амният ва сулҳи ҷаҳонӣ дониста ва эълом кардааст, ҳар гуна иқдоми террористӣ дар ҷаҳон ҷинояткорона ва ғайри қобили тавҷеҳ аст.

Барак Абама, раиси ҷумҳури Амрико дар паёме зимни пешниҳоди кӯмак ба мақомоти Фаронса барои анҷоми таҳқиқот дар ин замина, ҳодисаи Нисро "иқдоми террористии ваҳшатнок" хонд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон низ дар вокуниш ба ҳамлаи Нис гуфт, кишвараш дар ҷанг бо терроризм канори Фаронса истодааст.

Сухангӯи Тереза Мей, нахуствазири ҷадиди Англия низ ин ҳамларо "як ҳамлаи ваҳшатнок" хонда ва онро маҳкум кард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ дар вокуниш ба воқеаи террористии панҷшанбешаб дар Ниси Фаронса гуфт, танҳо роҳи муборизаи коромад бо падидаи номатлуб ва рӯ ба густариши терроризм дар ҷаҳон, поён додан ба меъёрҳои дугона ва бархурди қотеъ бо террористҳост.

Ба гуфтаи Путин, воқеаи Нис нишон дод, ки мубориза бо терроризм бидуни содаангорӣ ва ба сурати густарда, беш аз ҳар замони дигаре зарурӣ шудааст.

Пас аз ҳамлаи шаби гузашта ба ҷашни миллии Фаронса дар шаҳри Нис, Франсуа Оланд, раиси ҷумҳурии ин кишвар таъкид кард, ки Фаронса шадидан зарба хурда ва бояд ҳар иқдоми мумкинро барои муқобила бо чунин ҳамалоте анҷом дод.

Вай гуфт, пас аз ҳамлаи Нис, Фаронса иқдомоти худро дар Сурия ва Ироқ алайҳи терроризм шиддат хоҳад бахшид.

НАТО, Вотикон, Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низ ҳодисаи хунбори шаби гузашта дар Ниси Фаронсаро маҳкум карданд.

Дар Фаронса се рӯз азодории умумӣ эълом шудааст.

 

Барчасп