Афви Байналмилал: Арабистон ҷинояткори ҷангӣ аст
Феврал 23, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
Афви Байналмилал абъоди ҷиноятҳои Арабистонро дар Яман бисёр густурда хонда, хостори муҳокимаи Оли Сауд дар додгоҳҳои байналмилалӣ шудааст.
Антонио Маркези, раиси Созмони Афви Байналмилали Италия ба хабаргузории Садо ва симои Эрон дар Рим гуфт, «бомбаборони Яман аз сӯйи Арабистон нақзи ҳуқуқи башар ва қонунҳои байналмилалӣ аст”. Ӯ афзуд, “Арабистон ҷинояти ҷангӣ ва зиддибашарӣ содир карда, аз назари мо, бояд дар додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ муҳокима шавад”.
Ҳамалоти Арабистон ва ҳампаймононаш ба Яман дар ду соли гузашта ҳазорон шаҳиду захмӣ бар ҷой гузоштааст, ки шумори зиёде аз онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Барчасп