Аввалин дархости расмии тавзеҳдиҳӣ аз Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13774-Аввалин_дархости_расмии_тавзеҳдиҳӣ_аз_Трамп
Дар ҳоле ки ҳанӯз 100 рӯзи оғозини раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сипарӣ нашуда, дархостҳое матраҳ шудааст, то ӯ амалкарди якмоҳаашро ба ҳайси раисҷумҳур шарҳу тавзеҳ диҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 23, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Аввалин дархости расмии тавзеҳдиҳӣ аз Трамп

Дар ҳоле ки ҳанӯз 100 рӯзи оғозини раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сипарӣ нашуда, дархостҳое матраҳ шудааст, то ӯ амалкарди якмоҳаашро ба ҳайси раисҷумҳур шарҳу тавзеҳ диҳад.

Ба гузориш “Пресс” ТВ, Шӯрои шаҳри Ричмонд, маркази иёлати Вирҷиния эълом кардааст, ки ба унвони нахустин шаҳри Амрико ҳимоятҳо аз тавзеҳдиҳии Доналд Трампро сабт хоҳад кард. Ин шӯро афзудааст, ҳарчанд тарҳи дархости тавзеҳдиҳии раисҷумҳур иқдоми ғайриоддӣ аст, аммо бо вуҷуди он ки танҳо як моҳ аз оғози раёсатҷумҳурии Трамп мегузарад, ҳама аъзо ба иттифоқи оро ба ҷонибдорӣ аз тавзеҳдиҳии ӯ раъй додаанд.

Як устоди донишгоҳ, ки аз соли 1984 то кунун натиҷаи тамоми интихоботҳои раёсатҷумҳурии Амрикоро ба дурусти пешбинӣ карда, иддао мекунад, Трамп ҳатман барои тавзеҳдиҳӣ хоста мешавад. Алан Личман, устоди таърих дар Донишгоҳи Американи Вашингтон DC бо истифода аз формулае, ки онро «калидҳо» мехонд, натоиҷи интихоботи Амрикоро пешбинӣ мекунад ва акнун низ ба ҳамин шева мутақоид шуда, ки Трамп барои тавзеҳдиҳӣ хоста мешавад. Ӯ дар ҳоли нигориши китобе дар ин замина аст ва интишороти «Ҳорпер Калинз» ин китобро, ки «Мавриде барои истизоҳ» ном дорад, моҳи апрел чоп хоҳад кард.