Ташарруфи ҷамъе аз сарбозони Кореяи Ҷанубӣ ба ойини ислом
Феврал 27, 2017 20:59 Asia/Dushanbe
37 сарбози Кореяи Ҷанубӣ ба дини мубини ислом мушарраф шуданд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии Алъолам, 37 нафар аз низомиёни "Воҳиди зайтун”-и артиши Кореяи Ҷанубӣ шомили лейтенант Сун Ҷин Гу, аз нерӯҳои вижаи типи ёздаҳум, ки барои эъзом ба Ироқ ва мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ омодагии худро эълом кардаанд, дар масҷиди Ҳанам Донги Сеул ба дини осмонии ислом мушарраф шуданд .
Ин афрод тибқи одоби ислом ғусл карданд ва дар масҷид ҳангоми намози ҷумъа бо кумаки имоми ҷамоати масҷиди Ҳанам Донги Сеул бо зикри шаҳодатайн ба ислом мушарраф шуданд .
Ин низомиёни Кореяи Ҷанубӣ эълом карданд, агар ба Ироқ эъзом шаванд, қасд доранд, дар маросими мусалмонони ин кишвар ширкат кунанд.
Барчасп