Август 05, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ се ҳазор нафарро дар Киркуки Ироқ ба асорат гирифт

Камиссари олии умури паноҳандагони Созмони милал имрӯз эълом кард, ки террористҳои ДИИШ рӯзи панҷшанбе се ҳазор нафарро дар устони Киркук, дар шимоли Ироқ ба асорат гирифтаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", камисари олии умури паноҳандагони Созмони милал имрӯз– ҷумъа, дар гузорише аз авзои Ироқ эълом кард, ки ин афрод қасди фирор аз рустоҳои устони Киркукро доштанд, ки дар тасаллути террористҳои ДИИШ қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, ДИИШ 12 нафар аз аҳолии Киркукро низ ба қатл расонд, ки талош мекарданд хонаводаҳояшонро аз Киркук хориҷ кунанд.

Ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ аз замони ишғоли манотиқе аз устони Киркук дар июни соли 2014 талош кардаанд аз дасти террористҳои ДИИШ фирор кунанд.

Барчасп