Нуфузии Толибон,11 пулиси афғонро кушт
Феврал 28, 2017 16:07 Asia/Dushanbe
Як фарди нуфузии гурӯҳи Толибон дар шаҳри Лашкаргоҳ-маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон, 11 нерӯи пулисро бо шиллики гулӯла кушт ва аз маҳалли ҳодиса гурехт.
Ба гузориши ИРНА, манобеи хабарии Афғонистон рӯзи сешанбе эълом карданд, ки ин ҳодиса шомгоҳи душанбе, дар минтақаи дуввуми шаҳри Лашкаргоҳ, рух додааст.
Пулиси Ҳилманд гуфтааст, ки дар талоши боздошти шахси нуфузӣ аст, аммо токунун муваффақ ба радёбии ӯ нашудаанд.
Вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон, марзи муштараки тӯлонӣ бо Покистон дорад ва соли гузашта, даргириҳои сангин бар сари контроли ин вилоят, байни неруҳои афғон ва гурӯҳи Толибон рух дода буд.
Барчасп