Ахбори мутаноқиз дар бораи даргузашти раисҷумҳури Алҷазоир
(last modified Sat, 04 Mar 2017 08:36:53 GMT )
Март 04, 2017 13:36 Asia/Dushanbe
  • Ахбори мутаноқиз дар бораи даргузашти раисҷумҳури Алҷазоир

Дар ҳоле, ки бархе расонаҳои арабӣ аз даргузашти Абдельазиз Бутефлика хабар доданд, сафири Алҷазоир дар Теҳрон ин хабарро такзиб кард.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Абдулманъам Аҳриз, сафири Алҷазоир дар Теҳрон хабари даргузашти Абдельазиз Бутефлика, раисҷумҳури Алҷазоирро такзиб кард.

Ин дар ҳолест, ки сайти мағрибии "Chouf TV" ва хабаргузории Алнашраи Лубнон имрӯз шанбе аз даргузашти Бутефлика пас аз таҳаммули даҳ сол беморӣ хабар доданд .

Торнамои рӯзномаи алҷазоирии “Субҳи Алҷазоир" навишт: Таҳқиқот нишон медиҳад, ки сайти мағрибии "Chouf TV" барои чаҳорумин бор чунин шойиаеро мунташир кардааст  .

Рӯзномаҳои сурӣ, лубнонӣ, ироқӣ ва мағрибӣ ҳам имрӯз ба пайравӣ аз "Chouf TV", хабари даргузашти  раисҷумҳури Алҷазоирро мунташир карданд ва ин шойиа дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ пахш шуд .

Раисҷумҳури Алҷазоир, ки аз соли 1999 уҳдадори ин симмат будааст, дар соли 2013 дучори сактаи мағзӣ шуд  .

Вай рӯзи гузашта таваллуди ҳаштод солагии худро ҷашн гирифт  .

Бутефлика рӯзи шашуми моҳи сентябри соли 2007 ҳам аз як сӯиқасд ҷони солим ба дар бурд .

Он замон, Бутефлика ба шарқи Алҷазоир сафар карда буд ва чиҳил дақиқа пеш аз расидан ба трибуни маҳалли суханрониаш, инфиҷоре дар ин трибун рух дод, ки бар асари он понздаҳ тан кушта ва ҳафтоду як нафар маҷруҳ шуданд .