Вокуниши Конгресси Амрико ба мавзеъи ҷадиди Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14210-Вокуниши_Конгресси_Амрико_ба_мавзеъи_ҷадиди_Трамп
Намояндагони демократи Конгресси Амрико аз раисиҷумҳури ин кишвар ба ин сабаб, ки хоста буд, Конгресс мавзуи шунуди муколимаҳои гурӯҳи таблиғотиашро баррасӣ кунад, интиқод карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 06, 2017 14:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Конгресси Амрико ба мавзеъи ҷадиди Трамп

Намояндагони демократи Конгресси Амрико аз раисиҷумҳури ин кишвар ба ин сабаб, ки хоста буд, Конгресс мавзуи шунуди муколимаҳои гурӯҳи таблиғотиашро баррасӣ кунад, интиқод карданд.

Ба гузориши шабакаи Пресс Тв, Доналд Трамп муддаӣ шудааст, ки Барак Обама-раисиҷумҳури пешин, дастур дода буд, гуфтугӯҳои телефонии ситоди таблиғоти ӯ, дар бурҷи Трамп дар Ню-Йорк шунуд шавад.

Намояндагони демократи Конгресс, Трампро муттаҳам кардаанд, ки тавтеаи беасоси дигареро ба роҳ андохта, то афкори умумиро аз масоиле, ки давлаташ дар ҳафтаҳои нахуст бо он даргир шуда, мунҳариф кунад.

Аз сӯи дигар намояндагони ҷумҳурихоҳ низ аз Трамп хостанд, иҷоза диҳад кумитаҳои иттилоотии Маҷолиси Сенат ва намояндагон коршонро анҷом диҳанд.

Ҳар ду ҳизб ҳамчунин ба таври шаффоф баён карданд, ки иддаоҳои Трамп бидуни посух нахоҳад монд.

Кохи Сафед ҳеч шоҳиде барои исботи иддаои Трамп ироа накарда ва мақомоти давлати Обама ҳам ин иддаоро, рад кардаанд.