Март 07, 2017 16:14 Asia/Dushanbe

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурим Амрико дастури муҳоҷиратии ҷадиди худ дар бораи мамнуияти вуруди атбои бархе кишварҳо ба Амрикоро имзо ва эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, ин фармон атбои Эрон, Судон, Сомали, Либия, Яман ва Сурияро барои 90 рӯз аз вуруд ба хоки Амрико манъ мекунад ва аз рӯзи 16-уми март иҷро мешавад.

 Ироқ, ки дар фармони қаблии Трамп ҷузви кишварҳое буд, ки вуруди атбоаш ба Амрико мамнуъ мешуд, дар фармони ҷадид аз феҳристи ин кишварҳо ҳазф шудааст.

 Ҳамчунин Трамп дар фармони тозаи худ, илова бар таъхири иҷозаи вуруд ба паноҳҷуён ба муддати 120 рӯз, саҳмияи солонаи пазириши паноҳҷуёнро, ки дар замони Абама 110 ҳазор нафар муқаррар шуда буд, ба 50 ҳазор нафар коҳиш додааст.

Пас аз имзои ин дастур вазири додгустарии Амрико дар як конфронси хабарӣ таъкид кард, фармони Трамп қонунӣ ва иҷрои он лозим аст.

Ҷеф Сесионс (Сешенз) дар дифоъ аз ин ҳукм муддаӣ шуд, аз миёни шаш кишваре, ки дар фармони муҳоҷиратии Трамп ҳадаф қарор гирифтаанд, се кишвар ҳомии терроризм ҳастанд ва се кишвари дигар ба маконҳои амн барои террористҳо табдил шуда ва контроли хоки худро дар баробари террористҳо аз даст додаанд.

Дастури ҷадид танҳо шомили ҳоли визаҳое хоҳад буд, ки қарор аст содир шавад ва дорандагони корти сабз (иқомати доим) ва касоне, ки пештар визаи Амрикоро дарёфт кардаанд, аз он мустасно шудаанд.

 Иҷрои фармони аввалияи Трамп дар бораи мамнуияти вуруди мусофирони ҳафт кишвари умдатан мусалмон, ки 27 –уми январ имзо шуда буд, аз сӯйи додгоҳи федерал мутаваққиф шуд.

 

Барчасп