Иддаои ҷадиди нахуствазири Туркия дар бораи гурӯҳҳои террористӣ
Март 08, 2017 21:35 Asia/Dushanbe
Муҳаммадюсуф Юсуфӣ: Дар ҳоле, ки давлати Анкара дар сафи муқаддами ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад, мақомҳои Туркия иддаои ҷадиде алайҳи гурӯҳҳои террористӣ матраҳ мекунанд.
Бен Али Йилдирим, нахуствазири Туркия пас аз дидор бо Ҳонӣ Алмалқӣ, нахуствазири Урдун дар нишасти муштараки хабарӣ дар Анкара эълом кард: Гурӯҳҳои террористӣ, ки сулҳ дар Сурияву минтақаро бар ҳам задаанд, душмани муштарак ва таҳдиди ҳамаи кишварҳои минтақа маҳсуб мешаванд. Ин изҳороти Йилдирим дар ҳолест, ки Туркия таи солҳои гузашта бо сиёсатҳои иштибоҳи худ дар минтақа ва бо ҳимоят аз бархе аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ, ба ташдиди буҳрон дар ин кишварҳо кумак кардааст .
Барчасп