Посухи манфии Ҷопон ба дархости Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14476-Посухи_манфии_Ҷопон_ба_дархости_Трамп
Давлатим Ҷопон эълом кард, дархости раисиҷумҳури Амрико барои дастрасии бештари ин кишвар ба бозори худрави Ҷопон, пазируфтанӣ нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 12, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Йошида Суга- сухангӯи давлати Ҷопон
    Йошида Суга- сухангӯи давлати Ҷопон

Давлатим Ҷопон эълом кард, дархости раисиҷумҳури Амрико барои дастрасии бештари ин кишвар ба бозори худрави Ҷопон, пазируфтанӣ нест.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Йошида Суга- сухангӯи давлати Ҷопон рӯзи шанбе, зимни мухолифат бо дархости Доналд Трамп барои ҳузури бештари Амрико дар бозори худрави Ҷопон, гуфт, тарҳи чунин дархосте мухолифи тавофуқоте аст, ки ду кишвар пештар бо якдигар доштаанд.

Бо рӯйи кор омадани Трамп-раисиҷумҳури Амрико дар январи 2017, фишорҳои иқтисодии ин кишвар ба Ҷопон дар муқоиса бо қабл, афзоиш ёфтааст.

Вашингтон, ки пештар контроли нархи иена -пули миллии Ҷопонро хостор шуда буд, ахиран эълом кард, ширкатҳои худравсози амрикои бояд осонтар ва густурдатар аз қабл вориди бозор худрави Ҷопон шаванд.

Амрико соли 2015 низ мавзуи молиёт ва таърифаҳои бозори Ҷопонро дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ матраҳ карда буд, аммо акнун фишорҳо зидди Ҷопонро шиддат бахшидааст.