Март 13, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Даромади 15 миллиондолларии Толибони Афғонистон аз ҳосили писта

Фармондори шаҳристони Кӯшки кӯҳна дар Ҳироти Афғонистон эълом кард, Толибон аз пистазори ин вилоят солона 15 миллион доллар даромад касб мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Сайидмуҳаммади Чиштӣ имрӯз, душанбе дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Ҳирот гуфт, 60 дарсади шаҳристони “Кушки кӯҳна” дар контроли Толибон аст ва пистазори ин шаҳристон низ дар ихтиёри онон қарор дорад.

Чиштӣ афзуд, дар ин шаҳристон, дар манотиқи таҳти контроли Толибон хариду фурӯши силоҳ, кишт ва тавлиди маводи мухаддир низ ба сурати озодона анҷом мегирад.

Ба гуфтаи фармондори шаҳристони “Кӯшки кӯҳна”-и Ҳирот, ин шаҳристон бо вилояти Бодғис ва кишвари Туркманистон мавқеияти роҳбурдӣ дорад ва ба унвони дарвозаи вуруди Ҳирот маҳсуб мешавад ва аз ин назар таҳдиде барои амнияти ин вилоят аст.

 Шаҳристони Кӯшки кӯҳна дар 100 километрии маркази Ҳирот воқеъ шуда ва яке аз ноамнтарин шаҳристонҳои ин вилоят аст.

 

Барчасп