Паёми наврӯзии раиси Маҷлиси Эрон ба ҳамтоёнаш дар кишварҳои минтақа
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёми наврӯзӣ ба кишварҳои минтақа таъкид кард: Таҳаввулоти минтақа, ҳалли чолишҳои пешорӯ ва муқобила бо таҳдидот, дар гарави ҳамкорӣ ва таомули созандаи ҳамаи кишварҳо ба вижа кишварҳои ҳамсоя хоҳад буд.
Ба иттилои хабаргузории маҷлиси Эрон, Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлиси Эрон рӯзи шанбе дар паёмҳои ҷудогонае ба раисони маҷолиси кишварҳои Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ироқ, Туркия ва Узбакистон фаро расидани иди бостонии Наврӯзро табрик гуфт .
Алии Лориҷонӣ дар ин паём зимни орзуи муваффақият, пешрафти рӯзафзун ва адолат барои миллатҳои минтақа тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар гуна ҳамкории минтақаӣ бавижа бо ҳамсоягон бар асоси эҳтироми мутақобил барои эҷоди амният, пешрафт ва тавсеаи ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ истиқбол мекунад .
Наврӯз аввалин рӯзи соли ҳиҷрии хуршедӣ баробар бо аввали фарвардин моҳ-21март- ҷашни оғози соли нави эронӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои ба ҷой монда аз даврони Эрони бостон аст .