Март 19, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Афғонистон ба далели таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар, аз Русия мутанаффиранд
    Мардуми Афғонистон ба далели таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар, аз Русия мутанаффиранд

Сафари Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Русия баёнгари тавсеаи ҳамкортҳои дуҷониба аст.

Атмар дар дидор бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав гуфт, ин кишвар ва Афғонистон манофеи муштараки муҳиме доранд ва Маскав метавонад дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар Афғонистон нақши муҳиме ифо кунад.

Лавров низ дар ин дидор гуфт, Маскав ба музокира бо Кобул дар бораи ҳалли буҳрону раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон бо гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла Толибон аҳамияти фаровон қоил аст.

Давлати Афғонистон дар ҳоле хоҳони тавсеаи равобит бо Русия аст, ки ба далели ишғоли Афғонистон аз сӯйи артиши сурхи Шуравӣ дар соли 1979 ва куштори беш аз як миллион нафар аз мардуми Афғонистон, ҳеч заминаи умумӣ барои бозгашти Русия ба Афғонистон вуҷуд надорад. Зеро мардуми ин кишвар ба шиддат аз Русия мутанаффиранду ба ҳамин далел ин кишвар низ дар 15 соли гузашта дар баробари таҳаввулоти Афғонистон, сиёсати сабру интизорро дар пеш гирифта буд.

 Зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ва кашида шудани доманаи ҷанг ба манотиқи шимолии ин кишвар, ки ба нигарониҳо дар мавриди интиқоли терроризм ба Осиёи марказӣ ва Қафқоз доман зад, фурсати муносиберо барои Русия фароҳам кард, ки бо ҳимоят аз Толибон вориди арсаи амниятии Афғонистон шавад. Пештар Рӯсия барои саркӯби Толибон силоҳ ба Афғонистон ирсол карда буд, аммо дар як чархиши мавзеии ошкор, зимни ҳимоят аз Толибон, музокироти сеҷониба бо ҳузури Чину Покистон дар Маскав баргузор кард, ки бо вокуниши манфии давлати Афғонистон рӯбарӯ шуд.

Акнун давлати Афғонистон дар садад аст мушорикати Русия дар таҳаввулоти Афғонистонро сомондиҳӣ ва мутаносиб бо авлавиятҳои ин кишвар таъриф кунаду монеъ аз ҳар гуна ҳузури Русия хориҷ аз канали давлатӣ дар Афғонистон шавад. Ба ҳамин далел, давлати Кобул дар остонаи сафари Ҳаниф Атмар ба Русия ба таври расмӣ аз давлати Русия хост, дар бозсозии 124 маркази иқтисодиву илмии Афғонистон мушорикат кунад.

Муовини вазири энержии Русия ҳам ахиран аз омодагии ҳудуди 30 ширкати русӣ барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои мухталифи Афғонистон хабар дод.

 Давлати ин кишвар бар ин эътиқод аст, мушорикати бештари Русия дар бозсозии бахшҳои мухталиф, аз ҷумла низомии он кишвар метавонад ба истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон кӯмак намояд. Зеро кишварҳои даргир дар буҳрони Афғонистон дар сурати сармоягузорӣ дар бахшҳои зербиноии ин кишвари ногузиранд барои ҳифозат аз амволу сармояҳои худ ба раванди сулҳи Афғонистон низ кӯмак кунанд.

Ба ҳамин далел давлати Кобул дар садади эҷоди тавозун дар равобити худ бо кишварҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ аст то зимни эътимодбахшӣ дар мавриди сиёсатҳои худ, рақобатҳои тахрибии онҳо зидди якдигарро дар Афғонистон ба ҳадди ақал бирасонад.

Тардиде нест, ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон дар канори нафрати мардуми ин кишвар, муҳимтарин монеи ҳузури Русия дар Афғонистон аст.  Дар чунин шароите рӯйкарди Русия ба ҳамкорӣ бо Толибон хориҷ аз канали давлати Кобул, давлати Афғонистонро нигарони ҷанги нарму сахти дастгоҳҳои иттилоотии кишварҳои дорои нуфуз дар Афғонистон кардааст. Аз ин рӯ, давлати ин кишвар дар садад аст бо ҳимоят аз ҳузури Русия дар Афғонистон, ба нақши Маскав дар таҳаввулоти ин кишвар, ба хусус арсаи созандагӣ назму эътибор бахшад.

 

Барчасп