Оғози расмии музокироти Женева-5
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14892-Оғози_расмии_музокироти_Женева_5
Музокироти расмии Женева-панҷ дар Швейтсария, бо дидорҳои намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия ва бо дигар гурӯҳҳои ширкаткунанда оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози расмии музокироти Женева-5

Музокироти расмии Женева-панҷ дар Швейтсария, бо дидорҳои намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия ва бо дигар гурӯҳҳои ширкаткунанда оғоз шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Садо ва симо, Стефан де Мистура, намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия, ки пеш аз баргузории ин музокирот бо Сергей Лавров, вазири  умури хориҷаи Русия дар Маскав дидор карда буд, таъкид кард, чаҳор мавзӯе, ки дар нишасти Женева-панҷ баррасӣ хоҳад шуд, дар чорчӯби иҷрои қатъномаи 2254-и Шӯрои амният ва баёнияи Женева аст.

Аз меҳварҳои аслии қатъномаи 2254, мусавваби декабри соли 2015, таъйини нақшаи роҳ барои музокироти сулҳ, оташбас дар саросари кишвар ва баргузории интихобот бо назорати Созмони милали муттаҳид аст.

 Дар ҳамин ҳол Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, оғози гуфтугӯҳо байни гурӯҳҳои сурӣ дар Женева, гоми асосӣ дар масири ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ барои нооромиҳои Сурия аст.

Дар ин баёния омадааст, даргириҳои Сурия вориди ҳафтумин соли худ шудаву албатта чунин вазъияте баёнгари ин матлаб аст, ки роҳи ҳалли пойдори низомӣ барои буҳрон вуҷуд надорад.

Конфронси Женева-панҷ дар бораи Сурия, рӯзи панҷшанбе, бистсеюми март бо ҳузури ҳамаи тарафҳо дар Женева оғоз ба кор кардаву музокирот аз рӯзи ҷумъа шакли расмӣ ба худ гирифтааст ва эҳтимолан то даҳ рӯз идома хоҳад ёфт.