Март 31, 2017 20:06 Asia/Dushanbe
  • Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо
    Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо

Раиси Комиссияи Аврупо ба раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, аз ҳимоят аз хурӯҷи кишварҳо аз Иттиҳоди Аврупо даст бардорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо ба Доналд Трамп ҳушдор дод, чунончи ба ҳимояти худ аз Брекзит ё хурӯҷи Биритониё аз Иттиҳоди Аврупо идома диҳад, лоиҳаи истиқлоли иёлати Оҳайо ва шаҳри Остин дар иёлати Техаси Амрико оғоз хоҳад шуд. Юнкер гуфт: «Раисҷумҳури ҷадиди Амрико хушҳол аст, ки Брекзит дар ҳоли иттифоқи афтодан аст ва аз дигар кишварҳо низ хостааст, ҳамин корро бикунанд. Агар ӯ бихоҳад ин гуна идома диҳад, ман ҳам истиқлоли Оҳайо ва Остин дар Техаси Амрикоро таблиғ хоҳам кард».

Раиси Шӯрои Аврупо дар айни ҳол таъкид кард, ки кишварҳои боқимонда дар Иттиҳоди Аврупо мусаммамтар ва муттаҳидтар аз қабл шудаанд.

 

Барчасп