Гуруснанишинӣ дар бузургтарин зиндони Афғонистон
(last modified 2017-04-05T14:10:04+00:00 )
Апрел 05, 2017 19:10 Asia/Dushanbe
  • Дар зиндони Пули Чархии Кобул, зиндониён лабҳои худро духтанд
    Дар зиндони Пули Чархии Кобул, зиндониён лабҳои худро духтанд

Беш аз сад зиндонии афғон дар зиндони Пули Чархии Кобул бо духтани лабҳои худ гуруснанишинӣ кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, гуруснанишинии ин зиндониён, ки аз чаҳор рӯзи пеш оғоз шудааст, ҳамчунон идома дорад .

Зиндониёни муътариз, вуҷуди фасод дар зиндон ва маҳрум шудан аз фармонҳои раисҷумҳури Афғонистон барои озодӣ ё коҳиши муҷозотро аз авомили аслии гуруснанишинии худ эълом кардаанд .

Наҷиб Дониш, муовини сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон имрӯз чаҳоршанбе дар нишасте хабарӣ зимни тайиди гуруснанишинӣ дар зиндон Пули Чархӣ гуфт, ҳайъати вижае барои баррасии мушкилоти зиндониён ташкил шудааст .

Вай афзуд: Илова бар вазорати кишвар, Додситонии кулли Афғонистон низ барои ҳалли мушкилоти зиндониён иқдом хоҳад кард .

Беш аз ҳашт ҳазор нафар дар зиндони Пули Чархии Кобул, бузургтарин зиндони Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд .

 

Барчасп