Апрел 07, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Нахустин вокуниши Путин ба ҳамлаи Амрико ба Сурия

Раисҷумҳури Русия аз ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия ибрози нороҳатӣ кард.

Ба гузориши ИТАР-ТАСС, Кремл дар аввалин вокуниш ба ҳамлаи мушакии Амрико ба як пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия таъкид кард, Владимир Путин ин ҳамларо таҷовуз ба ҳаққи ҳокимияти Сурия медонад.  Кремл афзуд, Путин ҳамчунин ҳамлаи Амрико ба Сурияро ба зиёни равобити Вашингтону Маскав медонад.

Бар асоси ин гузориш, раисҷумҳури Русия ҳушдор додааст, чашмпӯшии комил аз истифодаи террористҳо аз силоҳҳои кимиёӣ асосан вазъро дар саросари Сурия вахимтар мекунад. Раисҷумҳури Русия таъкид кардааст,  ҳамлаи Амрико ба Сурия то ҳадди зиёде кори ташкили эътилоф барои мубориза бо терроризмро бо монеа рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл имрӯз, ҷумъа эълом кард, Владимир Путин охири вақти имрӯз нишасти Шӯрои амнияти миллии Русияро ба манзури баррасии ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия ташкил хоҳад дод.

Вазорати умури хориҷаи Русия низ барои баррасии паёмадҳои ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Сурия нишасти фавқулоддаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро хостор шуд.  Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Маскав дар бораи ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия аз Вашингтон тавзеҳ хоҳад хост. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия низ дар баёнияе эълом кард, тарафи Русия ёддошти тафоҳум бо Амрикоро, ки барои пешгирӣ аз бархӯрди ҳавопаймоҳо ва амнияти парвозҳо дар амалиёти нерӯҳои ҳавоии Русия ва Амрико дар Сурия ба имзо расидааст, ба ҳоли таъхир медароварад.

 

Барчасп