Апрел 07, 2017 20:04 Asia/Dushanbe

Чин дар вокуниш ба ҳамлаҳои мушакии Амрико ба Сурия ҳаллу фасли буҳрони ин кишварро аз тариқи сиёсӣ ва музокира хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “ал-Маёдин”-и Лубнон, Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи ҷумъа таъкид кард, Пекин ба ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия эҳтиром мегузорад ва сарнавишти ӯро бояд миллати ин кишвар таъйин кунад. Ҳукумати Чин ҳамчунин ҷилавгирӣ аз вахим шудани вазъи Сурияро хостор шуд.

Амрико бомдоди ҷумъа бо баҳонаи ҳамлаи кимиёии машкуки рӯзи сешанбеи гузашта ба вилояти Идлиб 59 мушаки “Томаҳок”-ро аз ду киштии ҷангӣ дар баҳри Миёназамин ба самти пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” дар Ҳимси Сурия шиллик кард. Доналд Трамп дар ҳоле ки мизбони Си Ҷинпинг, раисҷумҳур Чин буд, фармони ин ҳамларо содир кард.

 

Барчасп