Мухолифати амрикоиҳо бо ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия
(last modified Sat, 08 Apr 2017 09:31:02 GMT )
Апрел 08, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи муътаризон, ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия як роҳкор нест, балки омиле барои ташдиди буҳрон дар ин кишвар аст.
    Ба гуфтаи муътаризон, ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия як роҳкор нест, балки омиле барои ташдиди буҳрон дар ин кишвар аст.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Амрико дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталбонаи давлати ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, тазоҳуркунандагон рӯзи ҷумъа дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ва Филаделфия бо сар додани шиорҳо эътирози худро ба таҷовузи низомии давлати Амрико ба хоки Сурия иброз ва аз мардуми Сурия ҳимоят карданд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои амниятии Амрико бо ҳузури густурда дар хиёбонҳо ба саркӯби муътаризон пардохтанд ва дастикам ду танро низ боздошт карданд.

Ба гуфтаи муътаризон, ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия як роҳкор нест, балки омиле барои ташдиди буҳрон дар ин кишвар аст.

Қарор аст тайи рӯзҳои охири ҳафта, дар 50 шаҳри Амрико алайҳи сиёсатҳои ҷангталабонаи Вашингтон тазоҳурот баргузор шавад.

Дар ҳамлаи мушакии артиши Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Ҳумси Сурия, 9 ғайринизомии сурӣ, аз ҷумла чаҳор кӯдак кушта ва ҳафт нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ин ҳамлаи мушакӣ бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ва Конгресси Амрико ва аз новҳои амрикоии мустақар дар баҳри Медитарона ва ба баҳонаи ҳамлаи химиявӣ ба минтақаи Хон Шайхун, дар вилояти Идлиб, шимоли шарқи Сурия анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия бакоргирии ҳар гуна силоҳи химиявиро рад кардааст.