Апрел 08, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Пентагон бино бар даст доштани Русия дар ҳамлаи кимиёвии Сурия

Пентагон муддаӣ шуд, эҳтимоли даст доштани Маскав дар ҳамлаи кимиёвии Сурия, баррасӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА, як мақоми баландпояи вазорати дифои Амрико, ки нахост номаш фош шавад, иддао кард, русҳо дар хусуси тазмини нобудии силоҳҳои кимиёвии давлати Сурия шикаст хӯрданд.

 Ин мақоми Пентагон муддаӣ шуд, дар ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Сурия, дастикам 20 ҷангандаи ин кишвар мунҳадим шуданд.

Нахустин таҷовузи мустақими Амрико дар давраи Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ба мавозеи артиши Сурия, бомдоди ҷумъа бо шиллики 59 мушак ба пойгоҳи ҳавоии Шаирот дар устони Ҳумс оғоз шуд.

 Ин ҳамла ба баҳонаи ҳодисаи кимиёвии рӯзи сешанбеи устони Идлиб сурат гирифта, ки мотори таблиғотӣ ва расонаии Ғарб, ангушти иттиҳоми онро дар рӯзҳои гузашта ба самти давлати Сурия, нишона рафтааст.

Давлати Сурия соли 2014 зарродхонаи таслиҳотии кимиёвии худро ба намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ таҳвил дод.

Пас аз он, бо ирсоли беш аз 90 нома ба Созмони Милали Муттаҳид, иттилооти мувассақе дар бораи истифодаи террористҳо аз силоҳу маводи кимиёвӣ зидди мардуми мазлуми Сурия ироа кард.

 

 

Барчасп