Идомаи ҳимояти Русия аз Ҳукумати Сурия
Узви аршади Думаи давлатии Русия гуфт, Маскав ҳамчунон ба ҳимоят аз Димишқ идома медиҳад.
Ба гузориши “Интерфакс”, Виктор Озеров, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия рӯзи сешанбе дар вокуниш ба изҳороти Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё дар бораи афзоиши фишору таҳрим ба Русия ба далели ҳимоят аз Ҳукумати Сурия афзуд, роҳандозии таҳрим зидди Русия ба далели ҳузур дар Сурия таъсире ба амалиёти артиши Русия дар он кишвар нахоҳад дошт. Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия тасреҳ кард, таҳрими артиши Русия аз сӯйи Ғарб иқдоми бенатиҷа аст.
Вазири умури хориҷии Биритониё дар изҳороте афзоиши фишор ва таҳрими Русияро ба далели ҳимоят аз Ҳукумати Сурия хостор шуд. Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, Вашингтон ба дунболи роҳандозӣ кардани таҳримҳое зидди Русия ба иллати ҳимоят аз Ҳукумати Сурия аст.