Апрел 12, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Бортников: Теъдоде аз мубаллиғони афкори террористӣ давраҳои омӯзиши амалиёти террористиро дар Сурияву Ироқ пушти сар гузоштаву озими Русия шудаанд.
    Бортников: Теъдоде аз мубаллиғони афкори террористӣ давраҳои омӯзиши амалиёти террористиро дар Сурияву Ироқ пушти сар гузоштаву озими Русия шудаанд.

Як мақоми аршади Русия муддаӣ шуд, раванди муҳоҷират ба Русия муҷиби шаклгирии ҳастаҳои терроризм дар ин кишвар мешавад.

Ба гузориши Интерфакс, Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти федерали Русия гуфт, муҳоҷироне, ки аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ вориди Русия мешаванд, ба таблиғоти ифротгароёна даст мезананду бад-ин тартиб заминаро барои таъсиси ҳастаҳои террористӣ дар Русия фароҳам мекунанд.

Раиси Хадамоти амнияти федерали Русия ҳамчунин гуфт, теъдоде аз мубаллиғони афкори террористӣ давраҳои омӯзиши амалиёти террористиро дар Сурияву Ироқ пушти сар гузоштаву озими Русия шудаанд.

Ин мақоми баландпояи амниятии Русия афзуд, бар пояи иттилооти бадастомада, ДИИШ дар садади иҷрои чандин амалиёти террористӣ дар қаламрави Русия аст.

Русия дар солҳои ахир борҳо шоҳиди вуқӯи ҳаводиси террористӣ будааст.

Тозатарин маврид аз иқдомоти террористӣ дар Русия рӯзи сеюми апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург рух дод, ки беш аз 100 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

 

Барчасп