Ройзании вазирони дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия
(last modified 2017-04-12T08:27:47+00:00 )
Апрел 12, 2017 13:27 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазирони дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия

Вазирони дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар гуфтугӯи телефонӣ, зимни баррасии охирин таҳаввулоти майдонии Сурия бар ҳамкорӣ ва талоши бештар барои ворид кардани зарбаҳои кӯбанда бар террористҳо таъкид карданд.

Ҳусайни Деҳқон вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Шойгу вазири дифои Русия, талош барои бозсозии чеҳраи махдуши Трамп дар саҳнаи сиёсии Амрико ва инҳирофи афкори умумӣ аз мушкилоти дохилии ин кишварро аз аҳдофи таҷовузи Амрико ба Сурия баршумурд.

 Сергей Шойгу вазири дифои Русия низ дар ин гуфтугӯ бо таъйиди изҳороти вазири дифои Эрон, бар зарурати тақвияти ҳарчи сареътари артиш ва неруҳои мардумии Сурия дар ҷанг бо терроризм таъкид кард ва афзуд, Русия мусаммам аст бо истифода аз зарфиятҳои худ дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва низомӣ зарбаҳои қотеъ ва кӯбандатаре ба террористҳо ворид карда ва арсаро бар онон ва ҳомиёнашон тангтар кунад.

Амрико бомдоди ҷумъаи гузашта ва дар пайи муттаҳам кардани бидуни далелу санади Сурия ба истифода аз силоҳи кимиёӣ дар устони Идилб, 59 мушак аз рӯйи ду киштии ҷангии худ дар Баҳри Миёназамин ба пойгоҳи ҳавоии аш-Шаъирот дар Ҳимси Сурия партоб кард.

Шакке нест, ки ин иқдом бо аҳдофи роҳбурдӣ сурат гирифт. Тақвияти руҳияи шикастхӯрдаи террористҳо ва таҳти пӯшиш қарор додани шикасти террористҳо дар ҷабҳаи набарди Сурия, аз ҷумлаи ин аҳдоф буд.

Баъд аз озод шудани Ҳалаб аз ишғоли террористҳо, бо тағйироте, ки ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам дар арсаи низомӣ ва майдонӣ дар Сурия ба вуҷуд омада, Сурия вориди марҳалаи тозае шуд ва замина барои гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ бо ҳимояти Созмони Милал шакл гирифт. Ин гуфтумон бо талошҳои Эрон, Русия ва Туркия бо судури эъломияи 20 декабри соли 2016 дар Маскав оғоз шуд.

Ин ибтикори амал дар воқеъ, заминаи мудохилоти Амрико дар Сурияро тазъиф кард ва ба ҳамин иллат сабаби вокунишҳои Амрико ва дигар мухолифон шуд.

Нуктаи дигар дар нигоҳ ба аҳдофи ароҳбурдии Амрико аз ҳамлаи мушакӣ ба Сурия, баҳрабардорӣ аз ин моҷаро дар саҳнаи сиёсии дохили Амрико аст. Ҳамон гуна, ки вазири дифоъи Эрон дар гуфтугӯ бо Сергей Шойгу вазири дифои Русия ишора кард, ин ҳамларо мебоист иқдоме дар ростои тақвияти мавқеияти пурчолиши Трамп дар дохил ва коҳиши маҳбубияти вай дар ҷомеаи Амрико, арзёбӣ кард, аммо вокунишҳо, ба хусус аз ҷониби Русия ва бархурди сарди бисёре аз кишварҳо ва ибрози нигарониҳо аз ин иқдоми таҳрикомез, нишон дод, ки Амрико натавонистааст ба аҳдофи мавриди назар бирасад.

Русҳо бо мудирияти ин моҷароҷӯӣ, фурсати идомаи танишсозиро ба амрикоиҳо надоданд ва ба навъе бо оромиш ва ҳушмандӣ саҳнаро мудирият карданд. Ин мавзӯъ дар баёнияи се кишвари Русия, Эрон ва Сурия низ қобили таваҷҷуҳ буд. Утоқи амалиёти муштараки Русия, Эрон ва неруҳои муттаҳид дар Сурия дар ин кишвар бо судури баёнияе эълом кард, ин эътилоф аз ончи Амрико дар пайи таҳаққуқи он дар шимол ва шимолу ғарби Сурия аст, ғофил нест ва ҳамаи таҳаррукот ва иқдомоти Амрико ба диққат зери назар хоҳад буд.

Иштибоҳи роҳбурдии Амрико дар ин ҳамла ин буд, ки пеш аз онки натиҷаи таҳқиқот дар моҷарои Хоншайхун мушаххас шавад, Сурияро ҳадафи ҳамла қарор дод. Акнун шароит барои Амрико сахттар шуда аст. Дар сурате ки таҳқиқи мустақил рӯйи ин ҷараён анҷом шавад ва мушаххас шавад, ки ҳамлаи кимиёӣ дар Сурия кори гурӯҳҳои террористӣ будааст, Амрико бояд ҳазинаи сангини ин моҷароҷӯиро ҳамонанди расвоиҳое, ки барои Англия ва Амрико баъд аз ҳамла ба Ироқ ба вуҷуд омад, бипазирад, ки барои Трамп дар оғози кор бисёр сангин хоҳад буд. Ба вижа он ки Амрико дар сафи кишварҳое аст, ки дар нобудии силоҳҳои куштори ҷамъӣ шаффоф амал накардааст.

Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ амалан бо нобудии силоҳҳои кимиёӣ мухолифат карда ва ба баҳонаҳои мухталиф дар иҷрои конвенсияи нобудии силоҳҳои кимиёӣ коршиканӣ кардаанд. Амрико ҳамчунин аз ҳомиёни Саддом дар ҳамлаҳои кимиёӣ ба Эрон ва низ дар Ҳалабча дар Курдистони Ироқ буд.