Апрел 12, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи низомии худсохтаи Арабистон хидмат ба Амрикост

Вазири пешини умури мазҳабии Покистон гуфт: Роҳил Шариф, генерали бознишастаи артиши Покистон набояд фармондеҳии эътилофи низомии худсохтаи Арабистон зидди Яманро қабул кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Соҳибзода Ҳомид Саиди Козимӣ, аз сарони Ҳизби мардуми Покистон дирӯз дар шаҳри Мултани иёлоти Панҷоб гуфт: Эътилофи низомии худсохтаи Арабистон хидмат ба Амрикост ва барои манофеи ин кишвар ташкил шудааст.

Вай афзуд: Покистон набояд ба ин эътилоф бипайвандад ва чун ин эътилоф дар ҷиҳати эҷоди тафриқа миёни шиа ва суннӣ аст.

Интисоби Роҳил Шариф, генерали бознишастаи артиши Покистон ба фармондеҳии эътилофи низомии худсохтаи Арабистон ҳамчунон бо мухолифатҳои густардаи дохилӣ дар Покистон мувоҷеҳ шудааст .

Эътирозҳо дар Покистон ба иқдоми Роҳил Шариф дар ҳоли густариш аст, чун Арабистон яке аз ҳомиёни аслии терроризм дар минтақа аст .

 

Барчасп