Омодагии бархе саркардагони Толибон барои таваққуфи ҷанг
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15722-Омодагии_бархе_саркардагони_Толибон_барои_таваққуфи_ҷанг
Сафири Афғонистон дар Покистон, аз омодагии бархе саркардагони Толибон барои таваққуфи ҷанг хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Омодагии бархе саркардагони Толибон барои таваққуфи ҷанг

Сафири Афғонистон дар Покистон, аз омодагии бархе саркардагони Толибон барои таваққуфи ҷанг хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Умар Зохилвол-сафири Афғонистон дар Исломобод эълом кард, бархе аз фармондеҳони Толибон гуфтаанд, ба шарти таъмини амнияти онҳо дар Афғонистон, омодаи дасткашидан аз ҷанг ҳастанд.

Вай афзуд, бархе аз фармондеҳони Толибон пайи бурдаанд, ки ҷанг дар Афғонистон аз хориҷ ба ин кишвар таҳмил шудааст ва аз онҳо фақат ба унвони абзор ва василаи ҷанг, истифода мешавад.

Сафири Афғонистон дар Исломобод гуфт, давлати Афғонистон ба аъзои Толибон итминон медиҳад, ки дар сурати даст кашидан аз ҷанг, онҳо ва хонаводаҳояшон дар амон хоҳанд монд.

Пеш аз ин низ бархе аз мақомоти афғон борҳо аз тамос бо Толибон ва эҳтимоли пайвастани онҳо ба раванди сулҳ сухан гуфтаанд, аммо музокирот дар чанд соли ахир ҳеҷ пешрафте, дар ин замина надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳар гуна таомул ва ё тамоси ин гурӯҳ бо давлати Афғонистонро ҳамвора рад кардааст.