Апрел 14, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин ва вайронгартарин бомби Амрико маъруф ба \\\\\\\
    Бузургтарин ва вайронгартарин бомби Амрико маъруф ба \\\\\\\"модари ҳамаи бомбҳо\\\\\\\" дар Нангарҳори Афғонистон партоб шуд

Раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе аз партоби бузургтарин ва вайронгартарин бомби ғайриатомии ин кишвар, ки "модари ҳамаи бомбҳо" хонда мешавад, дар вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Вазорати дифои Амрико иддао кардааст, ин бомби 10-тоннаиро барои мубориза бо пайравони ДИИШ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон шиллик кардааст, дар ҳоле ки бинобар эъломи мақомҳои низомии афғон, аъзои ДИИШ дар ин кишвар камтар аз 400 нафар буда, дар дигар вилоятҳои мухталиф парокандаанд.

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи “Твиттер”-и худ ин иқдоми Амрикоро ба шиддат маҳкум карда, аз афғонистониҳо хост, то ҷилави Амрикоро бигиранд. Карзай ин иқдомро на ҷанг алайҳи терроризм, балки баҳонае барои истифода аз хоки Афғонистон ба унвони озмоишгоҳи силоҳи ҷадиди куштори ҷамъии Амрико донистааст.

 Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар вокуниш ба партоби "модари ҳама бомбҳо" навишт, ин бомб барои нуфуз дар маконҳое мисли нақбу ғор тарроҳӣ нашуда ва мушаххас нест, ки чаро артиши Амрико аз ин навъи бомб истифода кардааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, мақомоти низомии Амрико дар Афғонистон ҳозир нашуданд, дар бораи ин мавзӯъ, ки партоби ин бомб муваффақиятомез буда ва нақбҳои ДИИШ-ро аз байн бурдааст ё на, посух бидиҳанд.

Пойгоҳи интернетии шабакаи хабарии “Раша тудэй” низ дар ин робита навишт: “Амрико бузургтарин бомби ғайриатомии худро дар ҳоле ба Афғонистон партоб карда, ки сармоягузории 16-солаи ин кишвар дар Афғонистон бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва сарбозони амрикоӣ ҳанӯз дар Афғонистон кушта мешаванд”.

 

Барчасп