Апрел 18, 2017 16:25 Asia/Dushanbe
  • Эъломи далели барканории намояндаи вижаи раисҷумҳури Афғонистон

Сарпарасти дафтари сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон нокоромадии намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хубро иллати барканории ӯ аз симматаш эълом кард.

Ба гузориши Радиои дарии бурунмарзии Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе дар фармоне Аҳмад Зиё Масъуд, намояндаи фавқулоддаи худ дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хубро барканор кард.  

Аҳмад Зиё Масъуд дар ҷамъи ҳаводорони худ гуфта буд, ӯ ва генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон ба Ашраф Ғанӣ дар интихобот машрӯият дода буданд ва ҳоло онро пас гирифтаанд. Ӯ ҳамчунин муддаӣ шуда буд, ба зудӣ ҳамроҳ бо генерал Дӯстум ҳукумати муваққатӣ эълом мекунад.

Гуфта мешавад, намояндаи Ашраф Ғанӣ дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб ҳамвора амалкарди Ҳукумати Афғонистонро ба чолиш мекашид.

Дар асли 64-и Қонун Асосии Афғонистон ихтиёри сабукдӯш ва таъйин кардани кормандони аршади ҳукуматӣ ба раисҷумҳур вогузор шудааст.

 

Барчасп