Роҳёбии Макрон ва Ле Пен ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса
(last modified 2017-04-24T10:48:45+00:00 )
Апрел 24, 2017 15:48 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии Макрон ва Ле Пен ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса

Бо эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон ва Марин Ле Пен ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса роҳ пайдо карданд.

Бар асоси натоиҷи аввалияи интихобот Эммануел Макрон, номзади мустақил ва раҳбари Ҳизби “Ба пеш” ҳудуди 23.8 дарсади оро ва Марен Ле Пен, номзади Ҳизби рости ифротӣ ва раҳбари Ҷабҳаи миллӣ 21.6 дарсад ва Жан Лук Миленшон, номзади ҷиноҳи чапи ифротӣ бо касби 20 дарсад ва Франсуа Фийон, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз ҷараёни рости миёна 20 дарсади бештарини ороро касб карданд. Ба ин тартиб Эммануел Макрон ва Марин Ле Пен ба марҳалаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.

Марҳалаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса рӯзи ҳафтум баргузор мешавад. Дақоиқе баъд аз эъломи натоиҷи аввалияи интихобот Бенуо Омун, номзади Ҳизби ҳокими сотсиалист аз мардуми Фаронса хост, ки дар марҳалаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба Эммануел Макрон раъй бидиҳанд.

Бенуо Омун бо касби ҳудуди 7 дарсади оро шикасти сангинеро мутаҳаммил шуд ва эъломи ҳимоят аз номзади шикастхурдаи Ҳизби ҳокими сотсиалист аз Макрон нишон медиҳад. Сотсиалистҳо мекӯшанд бо ҳимоят аз Эммануел Макрон аз табаоти шикасти сангин дар интихобот бикоҳанд.

Эммануел Макрон, вазири иқтисод дар давлати Франсуа Оланд, раиси ҷумҳурии Фаронса буд, ки дар тобистони соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод ва аз Ҳизби сотсиалист низ хориҷ шуд. Макрон бо ба роҳ андохтани ҷунбише ба номи “Ба пеш” ба унвони номзади мустақил вориди корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса шуд. Вай дар арсаи иқтисодӣ дидгоҳҳои либералӣ ва дар арсаи иҷтимоӣ дидгоҳҳои сотсиалистӣ дорад. Ифшои расвоиҳои молии Франсуа Фийон, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз ҷараёни рости миёна боиси иртиқои мавқеияти Макрон дар назарсанҷиҳо шуд. Ҳимояти бахше аз ҷараёни рости миёнаи Фаронса ва ҷиноҳи рости Ҳизби ҳокими сотсиалисту чеҳраи шохиси он Мануэл Уолс, нахуствазири собиқ аз Макрон таъсири басазое дар роҳёбии Макрон ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ба эҳтимоли зиёд пирӯзӣ дар даври дувум доштааст.

Акнун касоне, ки бо нигаронӣ дар Фаронса ва Аврупо интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронсаро расад кардаву бими пирӯзии Ле Пен онҳоро ба ваҳшат андохтааст, интизор доранд интихоботи марҳалаи дувуми раёсати ҷумҳурии Фаронса дар соли 2002 як бори дигар иттифоқ биафтад. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2002 Жан Мари Лепен, падари Морин Ле Пен ва бунёнгузори ҷабҳаи миллии рости ифротии Фаронса ба ҳамроҳи Жак Ширак ба даври дувум роҳ ёфтанд. Он замон натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронсаро як зилзилаи сиёсӣ тавсиф мекарданд. Тамоми тарафдорони аҳзоби чапу рости миёна аз Жак Ширак ҳимоят карданд. Ширак дар даври дувум бо беш аз 82 дарсади оро пирӯз шуд.

Аммо интихоботи раёсати ҷумҳурии 2017-и Фаронса, яке аз печидатарин интихоботе аст, ки баъд аз тасвиби қонуни асосии ҷумҳурии панҷуми Фаронса дар соли 1958 мелодӣ баргузор шуд. Ин интихобот дар воқеъ мазҳари авзои печида ва душвори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ аст, ки тайи солҳои ахир Фаронса ва Аврупо гирифтори он ҳастанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса поёни ин вазъияти сахту душвор нест, балки нишон медиҳад, раъйи ҳудуди ниме аз мардуми Фаронса ба Марин Ле Пен ва Жан Лук Миленшони, номзадҳои росту чапи ифротӣ шикофи сиёсӣ ва иқтисодӣ то чӣ мизони зиёде амиқ шудааст. Дар воқеъ шикасти сангини номзадҳои чапу рости миёнаи Фаронса нишон медиҳад, муодилоти сиёсӣ ва низоми ҳизбӣ дар ин кишвар пас аз шаш даҳа тағйир кардааст.

 

Барчасп