Апрел 26, 2017 20:23 Asia/Dushanbe

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт, ин созмон барои кумак ба кӯдакони Яман пул надорад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид мегӯяд, токунун талошҳои ин созмон барои рафъи касри будҷа номуваффақ будааст.

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфтааст, ин созмон барои инки ҳар 10 дақиқа як кӯдаки зери панҷ сол дар Яман ҷони худро аз даст надиҳад, ба пул ниёз дорад.

Арабистон ва Амрико бузургтарин кишварҳои кумаккунанда ба Созмони милали муттаҳид ҳастанд, аммо дасти ҳар ду кишвар ба хуни кӯдакони бегуноҳи яманӣ олудааст.

 

Барчасп