Июл 16, 2016 10:37 Asia/Dushanbe
  • Урдуғон шикасти расмии табаддулотро эълом кард

Раисҷумҳури Туркия гуфт, шӯриш дар баробари ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардуми Туркия шикаст хӯрд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия бомдоди шанбе, баъд аз вуруд ба фурудгоҳи Истанбул, ки чанд соате дар контроли табаддулотгарон буд, гуфт, омилони табаддулот муҷозот мешаванд. Ӯ бо баёни ин ки табаддулотгарон ваҳдати кишварро ҳадаф қарор додаанд, таъкид кард, ин афрод бо ҳар гароиш ва вобастагӣ бо посухи муносиб рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Раисҷумҳури Туркия таъкид кард, табаддулот боис шуд, нерӯҳои мусаллаҳи Туркия даст ба ҳам дода, контролро ба даст бигиранд ва гӯё омилон намедонистанд, ки Туркия Туркия қадим нест ва онҳо ҳар коре анҷом диҳанд, наметавонанд ба аҳдофи худ даст ёбанд.

Урдуғон аз мардуму артиш ва нерӯҳои низомии Туркия қадрдонӣ карда гуфт, "низомиёни дунпоя", ки ба табаддулот даст заданд, ҷойе дар артиши Туркия надоранд.

Нахуствазири Туркия ҳам аз мамнӯияти парвоз бар фарози Анкара хабар дод ва аз "ҳавопаймоҳои дӯст" хост, то ба ҳарими ҳавоии Анкара наздик нашаванд, зеро ҳадаф қарор хоҳанд гирифт. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, Хулуси Акар, раиси ситоди фармондеҳии артиши Туркия ба сари кори худ бозгашт.

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ гуфт, бо теъдоде аз вазирони умури хориҷии кишварҳои мухталифи дунё дар бораи кудато дар Туркия гуфтугӯи телефонӣ дошта ва дунё аз давлати Анкара ҳимоят кардааст. Дар ҳамин ҳол, "Рейртерз" аз таслим шудани раҳбари кудаточиён ва кушта шудани 42 нафар, аз ҷумла 17 афсари пулис хабар додааст.