Кашфи ҷасади афсари рус пас аз 140 сол
Апрел 28, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
Мақомоти турк бозмондаҳои ҷасади як афсари русро, ки дар қарни 19 дафн шудааст, дар шаҳри Ардаҳан, шимолу шарқи Туркия кашф карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин ҷасад, ки сешанбеи гузашта ҳангоми кандани замин барои пайрезии як сохтмон кашф шуд, дар соли 1877, дар миёнаи ҷанги Русия ва Туркия дар як тобути дорои аломати салиб дафн шуда буд.
Сухангӯи Идораи осори таърихии Ардаҳани Туркия ба “Спутник” гуфтааст, бо вуҷуди гузашти 140 сол аз дафни ҷасад либосҳои ӯ солим монда ва риши низомии рус низ ҳамчунон қобили мушоҳида аст. Ӯ афзуд, ин ҷаноза мутааллиқ ба як афсари рус аст ва акнун коршиносон саргарми таъйини рутбаи низомии ӯ ҳастанд.
Барчасп