Апрел 28, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамалоти баҳории Толибон

Толибони Афғонистон бо интишори баёнияе аз оғози ҳамалоти баҳории худ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Толибон амалиёти баҳории имсоли худро "амалиёти мансурӣ" номида, ки аз номи саркардаи собиқи ин гурӯҳ баргирифта шудааст. Толибон дар ин баёния авлавияти худро ҳамла ба нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон эълом карда афзудааст: «Душман то замоне ки охирин мавозеи худро тарк кунад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт».

Гурӯҳи Толибон эълом кардааст, барои таҳаққуқи ҳадафҳояш маҷмӯае аз роҳбурдҳо, аз ҳамлаҳои интиҳорӣ ва амалиёти чирикӣ гирифта, то ҳамалот дар дохили подгонҳо ё дидбонгоҳҳои пулис бо истифода аз сарбозону маъмурони пулиси вобаста ба Толибонро дар назар дорад.

Толибон масъулияти ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба як пойгоҳи низомии артиши Афғонистон, наздик ба шаҳри Мазори Шарифро ба уҳда гирифтааст. Ин ҳамла 135 кушта ва 64 захмӣ бар ҷой гузошт, ки бештари онҳо ҷавонони тоза ба артиш истихдомшуда буданд ва давраи омӯзиширо сипарӣ мекарданд.

 

Барчасп