Апрел 29, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Гулбиддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон
    Гулбиддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз Толибон хост, бо мутаваққиф кардани ҷанг дар ин кишвар ба музокироти сулҳ бипайвандад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Гулбиддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, дар аввалин нишасти хабарӣ пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ бо давлати Кобул дар вилояти  Лағмон, таваққуфи хушунат ва ҷангро дар Афғонистон хостор шуд.

Ҳикматёр гуфт, аз Толибон мехоҳем ба мо бипайванданд ва ин ҷангро, ки аввалин қурбонии он афғонҳо ҳастанд, поён диҳанд.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз Толибон хост, бо даст кашидан аз ҷаҳолат ва ғурур, фасли ҷадидро дар канори соири ақвом оғоз кунанд.

Ҳикматёр дар суханони худ Толибонро бародар хитоб кард ва аз онон хост, бо мардуми Афғонистон дар барқарори амният ва пешрафти кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Раҳбари Ҳизби исломӣ, ҳамла ба масоҷид ва мадорисро накӯҳиш кард ва гуфт, ки ҳамалот ба ин марокиз қобили таҳаммул нест.

Ҳикматёр ҳамчунин гуфт, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон набояд ин кишварро майдони рақобатҳои худ қарор диҳанд ва кишварҳои дигар низ набояд таслиҳоти худро дар Афғонистон озмоиш кунанд.

Ҳикматёр, ки қарор аст, фардо якшанбе ба Кобул биравад, моҳи сентябри соли 2016 бо давлати Афғонистон тавофуқномаи сулҳ имзо кард, ки бозгашти амни ӯро ба кишвар ва афви ӯ ва вобастагонашро тазмин кардааст.

 

Барчасп