Май 02, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • “Эрдуғон” - аспи ҷадиди амири Қатар

 Амири Қатар барои аспи ҷадиди худ номи "Эрдуғон"-ро интихоб кардааст.

Ба гузориши “Русия ал-явм”, Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қатар ва молики маркази ҷаҳонии аспсавории "аш-Шақаб", ки маркази шинохташуда дар заминаи сармоягузорӣ барои хариди асп ва саворӣ аст, асперо, ки соли 2015 ба қимати 750 ҳазор фунт, муодили чаҳор миллион лираи Туркия харида буд, “Эрдуғон” номидааст. Қарор аст, ин асб, ки ба сесолагӣ расидааст, барои нахустин бор вориди майдони мусобиқа шавад. Ин аспро гурӯҳе аз мутахассисон дар Англия ба мусобиқа омода кардаанд.

 

Барчасп