Май 06, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Толибон иртиботи низомӣ бо Русияро рад кард

Толибони Афғонистон ҳар гуна иртиботи низомӣ бо Русияро рад кард.

Толибон бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин гурӯҳ на бо Русия ва на ҳеч кишвари дигар иртиботи низомӣ надошта ва ғаниматҳои ба даст омада аз ҷанги Афғонистон, барои онҳо кофӣ аст.

Дар баёния Толибон омадааст, ки равобити сиёсии Толибон бо кишваре монанди Русия, ё ҳар кишвари дигар ба манзури баёни аҳдоф ва дар ниҳоят эҷоди роҳкори саҳеҳ барои Афғонистон буда ва ин робита ҳечгоҳ ба маънои равобити низомӣ набудааст.

Толибон дар ҳоле ин баёнияро мунташир кардаанд, ки ахиран мавҷи иттиҳомоти мақомот ва намояндагони афғон ба Русия, бино бар ҳимояти Маскав аз Толибон ташдид шудааст ва муовини дуввуми парлумон низ муддаӣ шуд, ки мадорик ва шавоҳиде аз ҳимояти русҳо аз Толибон дар даст дорад.

Сафири Русия дар Афғонистон, қаблан эълом карда буд, ки Толибон бо Масав иртибот дорад, аммо ин иртибот низомӣ набуда ва фақат дар ростои таъмини амнияти атбои рус дар Афғонистон аст.

 

Барчасп