Даргирии марзӣ миёни Афғонистон ва Покистон
(last modified Sat, 06 May 2017 16:09:04 GMT )
Май 06, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзӣ миёни Афғонистон ва Покистон

Пас аз оташбории нерӯҳои марзбонии Афғонистону Покистон ба сӯи ҳам дар Спин Болдак, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо эҳзори кордори Афғонистон дар Исломобод, маротиби эътирози шадиди худро ба вай иблоғ кард.

Гузориши артиши Покистон ҳокист, ки тарафи афғон ба иштибоҳи худ дар гушудани оташ ба самти тими саршумории Покистон изъон кардааст. Гуфта мешавад, дар ин оташбории 9 ғайринизомии Покистон кушта ва 40 нафари дигар захмӣ шуданд .

Самим Хпалвак, сухангуи волии Қандаҳор воқеъ дар ҷануби Афғонистон эълом кард, даргирии нерӯҳои марзии ин кишвар бо Покистон дар марзи Спин Болдак дар рустои Луқмон сурат гирифт .

Ба гуфтаи вай, ин даргирӣ замоне оғоз шуд, ки низомиёни покистонӣ вориди рустои Луқмон дар хоки Афғонистон барои саршуморӣ шуданд, ки нерӯҳои марзбонии ин кишвар ҳам қасди мамониат доштанд. Нерӯҳои марзбонии Афғонистону Покистон дар ҳоле бори дигар бо ҳам даргир шуданд, ки ахиран чандин ҳайъати сиёсӣ ва низомӣ ва бахусус раиси Созмони иттилооти артиши Покистон ISI ба Кобул сафар карданд ва умедвориҳо барои поён додан ба танишҳои марзии миёни ду кишвар афзоиш ёфт .

Бо ин ҳол, таҷрубаи сафари ҳайъатҳои Афғонистону Покистон дар се соли ахир ба пойтахтҳои ҳам муваффақ набуда ва ҳамвора бо идомаи танишҳои марзӣ, бо шикаст рӯ ба рӯ шудаанд. Ин бадон маъност, ки эҳтимолан дастҳое даркор аст, то монеъ аз танишзудоӣ дар равобити Кобулу Исломобод шаванд .

Бархе маҳофил бар ин эътиқоданд, эъзоми фаврии нерӯҳои тозанафаси Афғонистон ба маҳалли даргирӣ тардидҳоеро дар мавриди теъдоди нерӯҳои низомии Покистон фаротар аз ҳимоят аз тими саршуморӣ дар маҳалли даргирӣ эҷод мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба инки давлати Покистон ҳам билофосила пас аз ҳар даргирии марзӣ иқдом ба масдуд кардани марзи Чаман мекунад, тардидҳо дар мавриди ҳадафманд будани оташбориҳои марзии миёни ин кишвар ва Афғонистонро афзоиш медиҳад .

Дар солҳои ахир, яке аз чолишҳои дутараф таъмини амнияти марзҳои муштарак аст, ки бар равобити онҳо соя афкандааст ва беш аз ҳар чизе мутаассир аз вазъияти хатти фарзии Дуранд аст .

Афғонистон онро марзи байналмилалии миёни ин кишвар ва Покистон намедонад ва ҳаргуна таҳаррукоти марзӣ аз сӯи ин кишварро таарруз ба хоки худ талаққӣ ва ҳадаф қарор медиҳад. Эҷоди истеҳкомоти марзӣ аз сӯи Покистон аз ҷумла деворкашӣ ва насби сими хордор беш аз пеш афғонҳоро дар мавриди масоили марзӣ ҳассос кардааст.

Дар ҳар ҳол, бо ҳаргуна таниши марзии миёни Афғонистону Покистон сарфи назар аз инки кадом як муқассир аст, ин ғайринизомиён ва рустоиёни манотиқи марзии ду кишвар ҳастанд, ки осеб мебинанд. Илова бар ин, бастани гузаргоҳҳои марзии миёни дутараф аз сӯи Покистон ҳам латамоти иқтисодӣ ва тиҷории зиёдеро ба манотиқи марзӣ ва таъмини мояҳтоҷи умумии мардум мезанад. Аз ин рӯ, мардуми Афғонистону Покистон бахусус сокинони манотиқи марзӣ хоҳон поён додан ба ихтилофоти ду кишвар ва истиқрори сулҳу амният ҳастанд .