Май 08, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Писари генерал Дустум сарпарасти Ҳизби ҷумбиши миллии Афғонистон шуд

Ботур Дустум- фарзанди генерал Абдуррашид Дустум ҷонишини падар ва сарпарасти Ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Ҳаводорони Ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон имрӯз (душанбе) дар маросиме намодин, Ботур Дустумро ба унвони сарпарасти ин ҳизб интихоб ва муаррифӣ карданд.

Гуфта мешавад, Ботур Дустум монанди падараш миёни ақвоми узбаки шимоли Афғонистон аз маҳбубият бархурдор аст.

Бархе манобеъ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, пас аз тира шудани равобит миёни Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳур ва Дустум муовини аввали вай, Дустум қасд дорад бо интихоби писараш ба унвони сарпарасти ҳизб, заминаро фароҳам кунад, то ӯ ҷонишини падараш дар Арги раёсатҷумҳурӣ шавад.

 

Барчасп