Расонаи ДИИШ дар Нангарҳор нобуд шуд
Масъулони амниятии афғон эълом карданд: Радиои гурӯҳи террористии ДИИШ мавсум ба "Садои Хилофат" дар вилояти Нангарҳор ҳадаф қарор гирифта ва аз байн рафтааст.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи волии Нангарҳор баъд аз зуҳри имрӯз душанбе эълом кард, дар ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ ва афғон, таҷҳизоти фиристанда ва сохтмони тавлид ва пахши радиои гурӯҳи террористии ДИИШ мавсум ба "Садои Хилофат" мунҳадим шуд.
Сухангуи волии Нангарҳор афзуд: Бар асоси иттилооти Вазорати умури дохилии Афғонистон, дар 24 соати гузашта дар ҳамла ба таҷҳизоти радиоии гурӯҳи ДИИШ 2 тан аз афроди мусаллаҳи ин гурӯҳ низ кушта шудаанд .
Гурӯҳи ДИИШ токунун дар ин маврид вокунише нишон надодааст .