Май 08, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Созмони милал аз таъхир дар ирсоли кумакҳои пизишкӣ ба Яман

Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар Яман аз таъхир дар ирсоли кумакҳои пизишкӣ ба ниёзмандони яманӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба иттилои Ирно, Ҷейми Макголдрик, ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар Яман, аз кишварҳои кумаккунанда хост, бо таваҷҷуҳ ба вахомати авзои инсонӣ дар Яман ба тааҳҳуди худ дар нишасти Женева барои ҳимоят аз тарҳи рафъи ниёзҳои башардӯстона иқдом кунанд .

Созмони милал дар нишасти байналмилалии 26 апрели гузашта дар Женева барои посухгуӣ ба ниёзҳои башардӯстонаи Яман муваффақ ба ҷамъоварии 1.1 миллиард доллар шуд ва ин дар ҳолест, ки 9 миллион нафар аз 27. 4 миллион ҷамъияти Яман ниёзи мубрам ба кумакҳои ғизоии фаврӣ доранд .

Созмони пизишкони бидуни марз низ аз афзоиши бемории вабо дар Яман ба далели ҳамалот, муҳосираи Арабистон ва камбуди имконоти беҳдоштии ношӣ аз он дар Яман, ҳушдор додааст .

Маҳдудияти дастрасии мардум ба оби ошомидании солим, мамониати Арабистон аз вуруди сӯхт барои роҳандозии дастгоҳҳои муваллиди барқ ва сомонаҳои тасфияи об аз далоили аслии шуюи вабо дар Яман аст .

Режими Оли Сауд аз марти 2015 ба баҳонаи бозгардондан Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ҳамалоти худро ба ин кишвар оғоз кардааст .

Ҳамалоте, ки бар асари он беш аз 11 ҳазор шаҳрванди яманӣ кушта ва даҳҳо ҳазор тан маҷруҳ шудаанд .

 

Барчасп