Май 09, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Путин раиси 90-солаи худро

Раисҷумҳури Русия ба шаҳри Дрездени Олмон рафт, то таваллуди раиси собиқи Ожонси ҷосусии шӯравӣ дар ин шаҳрро ба ӯ табрик бигӯяд.

Ба гузориши шабакаи «ал-Олам», Владимир Путин дар остонаи Рӯзи пирӯзӣ дар баробари фашизм ба Дрездени Олмон рафт, то 90-солагии Лазар Матвейевро, ки дар Ожонси ҷосусии Шӯравӣ дар шохаи Дрезден, ки қабл аз Путин дар ожонсӣ раис буд, ба ӯ табрик бигӯяд. Дар ин дидор Саргей Шемезов, мудири феълии ширкати «Росстехнология» ва Николай Токарев, раиси ширкати «Транснафт»-и Русия, ки он рӯзҳо дар канори Путин дар Хадамоти кашфи шӯравӣ хидмат мекарданд, ҳамроҳи ӯ буданд.

Путин бастаи рӯзномаи «Правда», чоп шӯравиеро, ки дар таърихи таваллуди Матвеев, дар соли 1927 чоп шуда буд, ба унвони ҳадияи арзишманд ба ӯ тақдим кард.

Раисҷумҳури Русия дар ин дидор дар бораи давраи фаъолияти худ дар Ожонси ҷосусии шӯравӣ гуфт, «ман дар корам муваффақ будам ва доим пешрафт мекардам, ба шакле ки дар арзи як сол чандин зина боло рафтам; чизе, ки дар ин созмон ба нудрат рӯй медиҳад».